Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар Душанбе бори аввал машруткаҳои барқӣ ба кор оғоз кард
Дар шаҳри Душанбе бори аввал машруткаҳои барқии мусофиркашонӣ дар баробари фаъолияти автобусҳои барқӣ ба кор оғоз кард. Тибқи барномаи рушди шаҳрдории Душанбе қарор аст, то соли 2028 нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пурра барқӣ шавад.
Бар асоси иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон машруткаҳои барқӣ навъи буда, зарфияти ғунҷоиши 17 мусофирро доранд. Машруткаҳои мазкур дорои курсиҳои эргономикӣ, бордони васеъ, тарҳи замонавӣ буда, дар он дастгоҳи сардсозии ҳаво насб шудааст.
“Дар айни замон шаш адад микроавтобусро ба роҳ баровардем. Ба қарибӣ шумораи онҳо зиёд хоҳад шуд”- гуфтааст, роҳбари ширкати “Аҳмар”.
Машруткаи мусофирбарии барқии мазкур бо батареяи 80 киловатта муҷаҳҳаз буда, бо як маротиба гирифтани барқ метавонад 350 клометр ҳаракат кунад. Яъне, ин навъи машрутка бо як бор неру (заряд) гирифтан метавонад чанд рӯз фаъолият кунад.
Қаблан 30 автобуси барқӣ фаъолияташро дар шаҳри Душанбе оғоз кард.
Шаҳрдории Душанбе “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028” – ро қабул кардааст, ки тибқи он имсол бояд пурра таксиҳои мусофирбарии шаҳр барқӣ шаванд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”