Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон: “Бисёр масъалаву мушкилоти сокинони Бадахшон бартараф гардидааст”
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 13-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои 33–юмин солагарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари кишвар зимни суханронӣ таҷлили бошукӯҳи Истиқлол аз тарафи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат арзёбӣ намуда, чорабинии мазкурро самари Истиқлол, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон номиданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дар ёд доранд, ки кишвари мо дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои нахустини он масири бениҳоят вазнину душвор ва пур аз монеаву мушкилотро сипарӣ намуд. Вале мардуми мо ин роҳи душвору сангинро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан бо сабру таҳаммул ва заҳмати содиқонаву аҳлона тай карданд”.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳ таъкид намуданд, ки ҳукумати кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти сокинонро бартараф намуда, симои шаҳру ноҳияҳоро куллан дигаргун кардааст. Дар интиҳои суханронӣ сарвари кишвар таъкид намуданд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош карда, дар таҳкиму тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзишманд мегузоранд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”