Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Содиқ Имомӣ: Амнияти Душанбе ва Маскав ба мушкилоти Афғонистон вобаста аст
Дар нишасти байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ таъкид намуд, амнияти Душанбе ва Маскав ба мушкилоти Афғонистон вобаста буда, густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар боиси нигаронӣ гардидааст.
Хабаргузории ТАС-и Русия ба нақл аз дипломати тоҷик Содиқ Имомӣ навиштааст, ки “Таомули амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Русия бештар бар мушкили Афғонистон вобаста аст, зеро вазъияти Афғонистон пас аз хуруҷи неруҳои ғарбӣ нигаронкунанда буда ва равандҳои дар ҳоли вуқуъ дар ин кишвар бисёр мутазод ба назар мерасанд”.
Дар идомаи суҳбатҳояш дипломати тоҷик таъкид мекунад, ки радикализми мазҳабӣ равандҳои амниятии минтақаро ба таври ҷиддӣ таҳти таъсир қарор медиҳад ва “Набояд дар бораи аҳдофи Толибон (ҳаракати террористӣ) таваҳум дошт”.
Дипломати тоҷик аз густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ сухан гуфта, таъкид намудааст: “Кишварҳои мо тавофуқ доранд, ки гуфтугӯҳои мусолиматомез бо ҳадафи ташкили як давлати фарогир бо мушорикати намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмии Афғонистон, раванди гузариши ин кишвар ба барқарор шудани сулҳи пойдорро таъмин мекунад”.
Дипломати тоҷик таъкид кардаааст, ки ба хотири таҳдидҳои амниятӣ барномаи тақвияти марз аз сӯйи Тоҷикистон ва Русия то охири соли 2024 такмил мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”