27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
12.10.2024 16:56

Эмомалӣ Раҳмон: “Барои рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Туркманистон талошҳои зурурӣ ба харҷ хоҳем дод”

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими гирмидошти 300-солагии шоири маъруфи Туркманистон Махдумқулӣ Фироқӣ дар Туркманистон ширкат намуда, таъкид карданд, ки баргузор намудани мизҳои мудаввари байналмилалӣ бахшида ба ҳаёту фаъолияти Фироқӣ, гузоштани пайкараи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз кӯчаҳои зебои пойтахти кишвар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нишонаи возеҳи дӯстии мардуми бародари Тоҷикистону Туркманистон аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ин нукта, ки Фироқӣ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст, изҳор доштанд: “Мо минбаъд низ барои рушди ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ бо ҳамаи ширикони худ, аз ҷумла бо Туркманистони бародар талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод”.

Президенти кишвар, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки бисёр ходимони адабиёт ва тарҷумонҳои тоҷик даҳҳо маҷмуаи осори ӯро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардаанд. Дар бораи мазмуну муҳтавои эҷодиёти шоири туркман президенти кишвар изҳор доштанд, ки эҷодиёти Фироқӣ фарогири ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстию бародарӣ ва рафоқат буда, мероси эҷодии шоир пули муҳимми густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ба ҳам наздик кардани кишварҳову мардумон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 11-уми октябри соли равон дар Туркманистон бо иштироки сарони кишварҳо 300-солагии солгарди шоири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ баргузор гардид, ки президенди кишвари мо дар он ширкат ва суханронӣ намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.