27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
11.10.2024 12:04

Рустам Эмомалӣ Ва Валентина Матвиенко дар Душанбе мулоқот карданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Ва шаҳрдори Шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ Бо Раиси Шӯрои Федератсияи РУСИЯ Валентина Матвиенко мулоқот кард. 

Тибқи Иттилои Шабакаи Телеграммаи Рустами Эмомалӣ, роҳбарони палатаҳои олии парлумонии ҳарду кишвар масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ кардаанд. 

Ҳайати сенаторҳо Аз Русия Таҳти роҳбарии Валентина Матвиенко бо сафари корӣ барои иштирок дар иҷлосияи умумии ФОРУМИ Viii Байнипарлумонии "Тоҷикистон Ва Русия: қувваи ҳамкории байниминтақавӣ" 10 октябри соли 2024 ба Душанбе омад.  

Илова бар ин, иштироки ҳайат дар конфронси бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.  

Ҳамчунин Дар доираи сафар Матвиенко ният дорад, ки ба мактаби миенаи таҳсилоти умумии Ба Номи Ю.А. Гагарин Дар Душанбе ташриф орад, ки дар он ҷо бо омӯзгорон ва шогирдон сӯҳбат мекунад. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.