Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко дидор намуданд
Имрӯз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко вохӯрӣ намудаанд. Дар ин хусус субҳи имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко барои иштирок дар ҷаласаи пленарии Форуми 8-уми байнипарламентии «Тоҷикистон ва Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст.
Дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”