Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад, иштирок хоҳад намуд.
Имрӯз, 7-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуд, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар майдони ҳавоии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сироҷиддин Муҳриддин - вазири корҳои хориҷии кишвар ҳамроҳӣ менамояд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”