Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Институти Гете фаъолияти марказҳои омӯзиши забони олмониро дар Тоҷикистон тақвият мебахшад
26 январи соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Дар Олмон Имомудин Сатторов бо дабири Кулли Институти Гете Йоханнес Эберт баргузор шуд, ХАБАР МЕДИҲАД ВАЗОРАТИ корҳои хориҷии ҷт.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот масъалаҳои таҳкими омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон, идомаи ҳамкориҳои анъанавӣ бо муассисаҳои таълимии мамлакат ва баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон дар ин соҳа бо мақсади рушди минбаъдаи таълими забони олмонӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо инчунин дар бораи имконияти кушодани Марказҳои забономӯзӣ ва имтиҳонии Гете-Институт дар яке аз марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи тақвияти фаъолияти марказҳои омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Намояндагии Институти Гете Дар Тошканд Низ Аз Ҷониби Тоҷикистон назорат карда мешавад. Қобили зикр Аст, Ки Аз Соли 2010 Маркази забони олмонӣ Дар Душанбе (SLZ) шарики расмии Институти Гете дар Тошканд мебошад.
Манбаъ: Иа Авесто
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”