Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон: "мо ба муҳлати 30 рӯз барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз Ҷумла Кишварҳои Қатар низоми якҷонибаи бидуни раводидро ҷорӣ Кардем"
"Тоҷикистони кӯҳӣ, ки дорои табиати зебо, набототу ҳайвоноти беназир, мероси таърихию фарҳангӣ мебошад, барои рушди бахши сайеҳӣ, бахусус кӯҳнавардӣ, экологӣ, солимгардонӣ ва сайеҳии шикорӣ имкониятҳои зиед дорад. Ҳамзамон бо ин, мо ба муҳлати 30 рӯз барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, Аз Ҷумла Давлати Қатар низоми якҷонибаи бидуни раводидро ҷорӣ кардем " гуфт президенти мамлакат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираҳои тиҷоратии соҳибкорон, сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар.
Сарвари давлат таъкид намуданд, Ки Ҳукумати мамлакат Тавассути истифодаи имкониятҳои соҳибкории хурду миена ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба таҳкиму тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайеҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Таъкид гардид, ки дар ин самт Дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир барои сармоягузорон ва ширкатҳо имтиезҳо ва тахфифҳои ҷолиб пешниҳод карда шуданд. Аз ҷумла, воридоти мавод ва таҷҳизот барои бунеди иншооти сайеҳӣ аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, инчунин ширкатҳои навтаъсис дар ин соҳа аз пардохти андоз аз фоида ба мӯҳлати панҷ сол озод карда шудааст.
Дар баробари Ин, сарвари давлат изҳор доштанд, Ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои сармоягузорони қатарро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои афзалиятноки зикршуда бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.
Манбаъ: Иа Авесто
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”