Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
29 январ дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мешаванд
Аз 29 январ сар карда, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вилоятҳои Суғд Ва Хатлон, Шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ҷамъбасти фаъолият дар Соли 2023 нишастҳои матбуотӣ доир хоҳанд кард.
Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ Аз Ҷониби Роҳбари дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки тибқи он нишастҳои матбуотӣ 29 январ оғоз ефта, 16 феврал ба анҷом мерасанд.
Дар ҷараени нишастҳои матбуотӣ, ки дар рӯзҳои корӣ аз ҷониби вазорату идораҳо гузаронида мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд, ки ба саволҳои худ ҷавоб гиранд.
Масъулини вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки фаъолияти худро дар Ҳудуди Шаҳри Душанбе амалӣ менамоянд, бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо НИАТ "Ховар" мувофиқа намоянд.
Телефонҳои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Дар рӯзҳои корӣ дар СОМОНАИ НИАТ Ховар — www.khovar.tj дар бораи вақт ва ҷои баргузории нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эълонҳо нашр мешаванд.
Манбаъ: НИАТ Ховар
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”