Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Тоҷикистон 25-уми майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мекунанд
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол рӯзи шанбе - 25-уми май дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз чорабиниҳо баргузор карда мешаванд. дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивалҳои ҷашнии футбол баргузор мешаванд, ки дар онҳо тақрибан 5 ҳазор нафар иштирок мекунанд. Фестивали асосӣ 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он 600 нафар иштирок мекунанд.
Илова бар ин, ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол пеш аз бозиҳои шанбеи лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон, инчунин, бозиҳои лигаи футболи занонаи Тоҷикистон аксияҳо баргузор мешаванд.
Бояд қайд кард, ки 7-уми май Ассамблеяи генералии СММ қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта шуд. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), роҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуд.
Манбаъ: АМИТ Ховар
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”