Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Маскав мушкил боқӣ мемонад
ВАЗОРАТИ корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои маскав дармондаанд, изҳори назар кард. Матн 28 апрели соли 2024 дар сайти расмии идора нашр шудааст.
Дар зер матни пурра оварда шудааст:
"Вазъи Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд, мушкил боқӣ мемонад.
То охири рӯзи 27 апрел дар минтақаи нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони фурудгоҳи Байналмилалии Внуковои пойтахти русия 954 шаҳрванди Тоҷикистон бе таъмини шароити муносиби санитарӣ қарор доранд. Дар байни шаҳрвандони дармонда донишҷӯени тоҷик ҳастанд, ки дар қаламрави Русия аз ҳисоби квотаҳои таълимии Ҳукумати Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Внуково дармондаанд, пас аз соатҳои интизорӣ ба Қаламрави Русия 322 нафар роҳ дода шуданд. Дар айни замон, тибқи маълумоти мавҷуда, мақомоти русия ният доранд, ки 306 нафарро ба "рӯйхати хориҷшудагон"дохил кунанд. Шумораи бевоситаи хориҷшудагон 27 нафарро ташкил дод. Чунин чораҳои маҳдудкунанда танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
Вазъияти мураккаб дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово Ва Шереметьевои пойтахти русия низ мушоҳида мешавад, ки дар он даҳҳо тоҷикистонӣ дар минтақаҳои нигоҳдории шаҳрвандон бе шароити зарурӣ қарор доранд.
Азбаски шаҳрвандони Дармондаи Тоҷикистон бо миқдори кофии ғизои гарм таъмин карда намешаванд, дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо намояндагони диаспора ба фурудгоҳи Внуково хӯрок мерасонанд.
Илова бар ин, бо мақсади расонидани кӯмаки зарурӣ ба ҳамватанони худ дар маҳал, хадамоти консулии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав шабонарӯз штаби оперативии худро кушод.
Манбаъ: SugdNews
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”