27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
"Шаб дар осорхона-2024": осорхонаи Миллии Тоҷикистон имсол бо чӣ тааҷҷуб меоварад?
Одатан, 18 май осорхонаҳо дар саросари ҷаҳон шабона низ фаъолият мекунанд, зеро маҳз дар ин рӯз рӯзи Байналмилалии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад ва аксияи "Шаб дар осорхона" баргузор мешавад.
Дар Тоҷикистон ин аксия аз соли 2013 дар осорхонаи Миллӣ баргузор мешавад. Барнома ҳар сол хеле гуногун ва ҷолиб аст. Азбаски то шаб дар осорхона вақти кам боқӣ мондааст, омодагӣ пурра идома дорад. Дар бораи он чизе, ки осорхонаи Миллии Тоҷикистон имсол омода кардааст, мо дар маводи Dialog.TJ нақл мекунем...
Имсол барнома аз соати 18:00 то 23:00 давом мекунад ва 24 чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатиро барои кӯдакон ва калонсолон дар бар мегирад. Яъне:
Намоишгоҳҳо: ҳунарҳои Халқӣ, дастовардҳои Илмии осорхона, Сафорати кишварҳои хориҷӣ дар ҶТ, дар ҷаҳони ҳайвонот;
Мастер-классҳо :Каллиграфия, Санъати печонидани китобҳо, бозӣ дар асбобҳои мусиқии халқӣ, Чехранигор, Мехенди;
- Экспонатҳои зинда: қаҳрамонони «Шоҳнома»и Фирдавсӣ – Рустам, Суҳроб, Исфандиёр, Таҳмина;
Шоу-консерти овозхонҳо "Навои Истиқлол";
Баромадҳои ҳунармандони театри "Лухтак" ва сирки давлатӣ;
- Намоиши филми мустанад "ташаббусҳои Байналмилалии Тоҷикистон";
Муаррифии саҳнаҳои ҳает ва эҷодиети Ходи Кенҷаев ва Мамлакат Нахангова;
- Викторинаи "Таърихшинос" (саволҳо-ҷавобҳо дар байни меҳмонони ҷавон);
Шоу аз маркази фароғатии кӯдаконаи "CosmoLand".
Едовар мешавем, ки вуруд ба осорхона аз соати 18:00 дар ин рӯз ройгон аст, бинобар ин шумо метавонед ба аксия ҳамчун оила ташриф оред ва вақтхушӣ кунед.
Мадина ВОХИДОВА
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”