Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Имрӯз, 23-юми ноябр ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аввалин парвози мусофиркашониро дар хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе анҷом дод.
Бинобар иттилои маркази матбуоти ширкати мазкур, парвоз аз Душанбе соати 09:05 ба вақти маҳаллӣ ва дар самти бозгашт аз шаҳри Хоруғ соати 11:20 сурат гирифта, ҳавопаймо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 12:25 дақиқа фуруд омад.
Ба навиштаи манбаъ, давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе – Хоруғ 55 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо дар сурати мусоид будани вазъи боду ҳаво амалӣ мегарданд.
Гуфта мешавад, ки парвозҳо дар ин самт тавассути ҳавопаймои L410 NG, ки Бадахшон номгузорӣ шудаасту 19 ҷойи мусофирнишин дорад, амалӣ мегарданд.
“Роҳандозии парвозҳои мунтазам байни Душанбеву Хоруғ ба беҳтар гардидани дастрасии нақлиётии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои рафту омади шаҳрвандону сайёҳон мусоидат хоҳад кард”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад