Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Рангин Додфар Сепанто, мушовири пешини амнияти миллӣ ва вазири корҳои хориҷии ҳукумати пешини Афғонистон, аз сиёсати Олмон дар баробари Толибон интиқод карда, онро намунае аз меъёрҳои дугона ва риёкории сиёсӣ хондааст.
Сепанто рӯзи якшанбе, 22-юми ноябр дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” дар вокуниш ба гузориши маҷаллаи олмонии “Шпигел” дар бораи манъи табобати занон дар ҳолатҳои изтирорӣ аз ҷониби табибони мард дар Афғонистон ва ҳамчунин, сафари шуморе аз дипломатҳои Толибон ба кишварҳои аврупоӣ интиқод кардааст.
Ӯ навиштааст, дар ҳоле ки табибони афғон дигар ҳатто иҷоза нахоҳанд дошт, ки занонро дар ҳолатҳои изтирорӣ табобат кунанд, се дипломати гурӯҳи террористии Толибон иҷозаи вуруд ба Олмонро дарёфт мекунанд ва ду дипломати дигар метавонанд ба Париж сафар кунанд.
Сепанто ин бархӯрдро намунае аз меъёрҳои дугонаи сиёсате донистааст, ки ҳамеша аз усулҳои низоми байналмилалии бар пояи қоидаҳо сухан мегӯяд.
Ӯ дар идома сиёсати кишварҳои ғарбиро ба далели нодида гирифтани арзишҳои демократӣ ва таҳаммули шароити зиддиинсонӣ мавриди интиқод қарор дода, гуфтааст, ки ин сиёсатҳо акнун паёмадҳои ошкори худро нишон медиҳанд.
Мушовири пешини амнияти миллии Афғонистон афзудааст, ки фарқи асосӣ миёни кишварҳои ғарбӣ ва рақибони сиёсии онҳо ин аст, ки рақибони онҳо дидгоҳҳо ва мавқеъҳои худро ошкоро баён мекунанд.
Сепанто дар идома гуфтааст, аммо кишварҳои ғарбӣ ҳамеша талош кардаанд, ки ҳадафҳои воқеии худро пушти ибораҳои дипломатӣ ва қолабҳои сиёсии такроршаванда пинҳон кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад