Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Трамп ба Эрон ҳушдор дод: “Ҳамла ба Вашингтон бо паёмадҳои бесобиқа рӯбарӯ хоҳад шуд”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида ба Эрон ҳушдор дод, ки ҳар гуна ҳамла ба пойтахти Амрико бо вокуниши бесобиқаи Вашингтон рӯбарӯ хоҳад шуд.
Шабакаи “Фокс Нюз” (Fox News) рӯзи 17-уми ноябр хабар дод, ки Трамп ин изҳоротро дар вокуниш ба гузориши “CNN” баён кардааст. Дар гузориши “CNN” гуфта мешуд, ки Эрон эҳтимоли таҳияи нақшаи ҳамла ба мақомоти баландпояи ҳукумати Трампро бо истифода аз бомби кимиёвӣ дар пойтахти ИМА баррасӣ мекунад.
Доналд Трамп ҳамчунин, гуфтааст, ки ният дорад дар мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Чин аз ӯ хоҳиш кунад, ки барои хотима додан ба ҷанги Эрон мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҳол, муовини вазири умури хориҷии Эрон эҳтимоли истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар ҳамла ба Вашингтонро рад кардааст. Ӯ гуфтааст, нашри чунин хабарҳо барои оғоз кардани ҳамлаи нав аз сӯи Амрико ва Исроил дар расонаҳо нашр карда мешавад.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоле дар ин бора ҳушдор медиҳад, ки қарор аст дар Ҷумҳурии Халқии Чин ҳамроҳ бо Валадимир Путин ва Си Ҷинпин масоили ҷанги Украина ва Эронро баррасӣ кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад