Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Мақомот дар чор рӯз 159 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашониро ошкор кард
Милитсияи пойтахт бо нашри иттилоияе хабар дод, ки зарфи чор рӯз 159 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ ошкор гардид.
Ба навиштаи манбаъ, бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони бозрасӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиёти санҷишӣ гузаронида мешаванд.
Зикр мегардад, ки давоми чор рӯзи гузашта аз ҷониби кормандони бозрасии милитсияи пойтахт 159 ҳолати ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидани ронандагон ба қайд гирифта шуд.
"Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид маҳз чунин ронандагон дар қатори дуюму сеюм ва дар ҷойҳои номуайяншуда таваққуф намуда, боиси тамбашавии роҳҳо мегарданд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ин, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 510 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад