Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Имрӯз, 16-уми ноябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо намояндагони Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ва Бозори байналмилалии ҳунарҳои мардумии Санта-Фе вохӯрӣ намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои мардумиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
"Таъкид гардид, ки ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун таҷассумгари ҳувияти миллӣ, таърихи пурғановати халқ ва мероси гаронбаҳои фарҳангӣ дар муаррифии симои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим доранд. Дар ин замина, рушди ҳамкориҳо бо созмонҳо ва марказҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои ҳунармандони тоҷик имкониятҳои васеи эҷодӣ ва касбӣ фароҳам оварад", - зикр мегардад дар иттилоия.
Ба навиштаи манбаъ, ҳамчунин, масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ, муаррифии маҳсулоти ҳунарҳои анъанавии миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба арзишҳои фарҳангии тоҷикон баррасӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад