Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Таҳдид ба куштан. Боздошти ҷавоне, ки модарашро азият медод
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки модарашро азият медод.
Манбаъ навиштааст, ки кормандони самти оперативии ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ Шарипов Фаромуз, сокини 30-солаи шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
Гуфта мешавад, ки номбурда мунтазам ба истеъмоли машруботи спиртӣ ва маводи нашъадор машғул шуда, модари худро азият медод.
Ба навиштаи манбаъ, номбурда дар ҳолати мастӣ дар манзили истиқоматиашон воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, модари худро давоми ду шабонарӯз нигоҳ дошта, бо истифода аз ду адад корд таҳдид ба куштан намудааст.
Милитсияи пойтахт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гумонбаршавандаро дастгир намуд ва модари 55-сола наҷот дода шуд.
Зикр мегардад, ки номбурда қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шуда, дар асоси қонуни авф ба озодӣ баромадааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад