Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”
Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
Дар ин бора Роберто Кардарелли дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ оид ба дурнамои иқтисодии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иттилоъ дод.
Тибқи иттилои ӯ, сармоягузории Хазинаи байналмилалии асъор асосан барои кишварҳое пешбинӣ шудааст, ки дар пардохтҳои хориҷӣ ва тавозуни он ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.
Роберто Кардарелли дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳо нест. Ба гуфтаи ӯ “вазъи қарзи давлатӣ ва тавозуни хориҷии Тоҷикистон” устувор аст ва вазъияти кунунӣ ба ҷалби сармояҳои қарзии Хазинаи байналмилалии асъор зарурат надорад.
Ӯ ба ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор бо Тоҷикистон дар доираи барномаи “Воситаи ҳамоҳангсозии сиёсат” ишора намуда, афзуд, ки ин барнома ба кишварҳо имкон медиҳад, бо дастгирии машваратӣ ва назорати ХБА сиёсати микроиқтисодии худро таҳия ва такмил диҳанд. Ин барнома ҷудо намудани қарзро пешбинӣ намекунад.
Ӯ гуфт, ки ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор бо Тоҷикистон имрӯз бештар ба пешниҳоди сармоягузорӣ вобаста набуда, “ба арзёбии вазъияти иқтисодӣ ва назорати сиёсати микроиқтисодӣ марбут аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад