Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-ум ва 11-уми ноябри соли равон дар қисми зиёди ҳудуди ҷумҳурӣ борону барф пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ навиштааст, ки дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳӣ боришот дар шакли борон пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр) гузариши борон ба барф дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки 10-уми ноябр дар қисми зиёди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, инчунин, дар аксари ноҳияҳои вилояти Суғд боришоти бошиддати борон пешгӯӣ шуда, охири рӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр) боришоти борон ба барф мегузарад. Ҳамчунин, 11-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд боришоти бошиддат пешгӯӣ мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки аз 9-ум то 13-уми ноябри соли ҷорӣ бо сабаби боришот дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад