Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Таксиҳои 10-сомона. Дар ду рӯз 136 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ ошкор шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ошкори 136 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки кормандони маркази «Шаҳри бехатар» ва бозрасии милитсияи пойтахт рейду амалиёти санҷишӣ гузаронида, дар давоми ду рӯз 136 ҳолати ба мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғул шудани ронандагонро ошкор карданд.
“Чуноне аз таҳлилҳо бармеояд, дар бештари маврид ронандагоне, ки ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғул мешаванд, воситаҳои нақлиёти худро дар қатори дуюм ва сеюм таваққуф намуда, боиси тамбашавии роҳҳо мегарданд”, - зикр шудааст дар иттилоияи мақомот.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба номбурдагон тибқи моддаи 510 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад