Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Барои бунёди зеристгоҳи нави барқӣ санги асос гузошта шуд
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини боэътимоди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он дар наздикии «Боғи Ғалаба» (Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ) барои бунёди зеристгоҳи нави барқии 220/110/10 кВ санги асос гузошта шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин маросим вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, муовини раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурута, намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ва дигарон иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки зеристгоҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бунёд мегардад.
Зикр мегардад, ки ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, коҳиш додани талафоти техникии неруи барқ ва кам кардани сарбории зеристгоҳҳо ва хатҳои амалкунандаи интиқоли барқи 110-220 кВ ба ҳисоб меравад.
Ба навиштаи манбаъ, зеристгоҳи нав моҳи августи соли 2028 ба истифода дода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад