Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар кишвар зарфи як моҳ беш аз 97 фоиз иҷро гардид.
Манбаъ навиштааст, ки нақшаи муқарраргардидаро аввалин шуда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пеш аз муҳлат ба анҷом расонид.
Ҳамчунин, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ пешсаф буда, дар моҳи октябри соли равон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ ва пеш аз муҳлат иҷро намудаанд.
Гуфта мешавад, ки вилояти Суғд нақшаи пешбинигардидаро наздики 92 фоиз иҷро намуда, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Айнӣ, Ашт, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз натиҷаи пурраи нақшаи даъват ҳисобот додаанд.
Зикр мегардад, ки иҷрои нақшаи пешбинишудаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 99, 6 фоиз баробар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 - 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад