Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Конор Макгрегор, собиқ чемпиони UFC дар ду вазн хабар дод, ки бори охир бо қоидаҳои муҳорибаҳои омехта рақобат карда, сипас, корномаашро ҷамъбаст мекунад.
“Бояд бигӯям, ки рақобати навбатиам охирин дар корномаам мешавад. Аз ин лиҳоз, кӯшиш мекунам, ки ба он хеле хуб омода шавам”, - гуфтааст размкори ирландӣ.
Воқеан, Конор Макгрегор тибқи шартномааш бо UFC як маҳорибаи дигар мегузаронад ва ӯ варзишгари озод мешавад.
Интизор меравад, Конор Макгрегор соли оянда муҳорибаи охирашро дар UFC гузаронад.
Ӯ то ҳол нагуфтааст, ки пас аз UFC ба чӣ кор машғул мегардад, аммо тахмин мешавад, ки ба бокс рӯ меорад, зеро ишора кардааст, ки муштзанҳо чандин маротиба пули зиёд ба даст меоранд.
Дар ин росто, бояд гуфт, ки чанде пеш Ислом Махачев ҳам гуфта буд, ки омода аст бо Конор Макгрегор дар доираи бокс рақобат кунад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад