26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:30, Душанбе
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.

Ба гузориши расонаҳо Дунягозел Гулманова таъкид намуда, ки мавқеи афзояндаи минтақа барои густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва таҳкими субот имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

Ба таъкиди ӯ, сиёсати Туркманистон ба ҳифзи сулҳ, роҳандозии муколама миёни кишварҳо ва тақвияти эътимоди мутақобила равона шудааст. Ин ҳадафҳо дар густариши робитаҳои кишварҳои минтақа бо шарикони байналмилалӣ низ инъикос меёбад.

Бояд гуфт, ки дар солҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ талош доранд, ҳамкориҳри худро бо қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш диҳанд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2025 роҳбарони панҷ кишвари минтақа дар Вашингтон бо президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар чорчӯби нишасти С5+1 мулоқот намуданд.

Моҳи апрели соли 2025 дар Самарқанд нахустин нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор шуда, ҷонибҳо сатҳи муносибатҳои худро то шарикии стратегӣ боло бурданд. Дар ин нишаст Иттиҳоди Аврупо аз бастаи сармоягузории 12 миллиард евроӣ дар чорчӯби барномаи “Global Gateway” хабар дод.

Ҳамчунин, моҳи декабри соли 2025 дар Токио нахустин нишасти роҳбарони Ҷопон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар моҳи сентябри соли 2026 низ дар Сеул нахустин нишасти Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он ҳамкориҳои саноатӣ, захираҳои муҳимми маъданӣ ва занҷираҳои таъминот баррасӣ шуданд.

Густариши робитаҳои байналмилалӣ бо афзоиши тиҷорати хориҷии минтақа ҳамроҳ шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати тиҷорати Чин, гардиши мол миёни ин кишвар ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ дар соли 2025 ба 106,3 миллиард доллар расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 12 дарсад зиёд буда, бори аввал аз 100 миллиард доллар гузаштааст. Чин дар соли гузашта бузургтарин шарики тиҷоратии минтақа шудааст.

Нақлиёт ва долонҳои тиҷоратӣ

Дар гузориши расонаҳо ҳамчунин, ба аҳамияти афзояндаи долони миёнаи нақлиётӣ ишора шудааст. Ин масир Чин ва Осиёи Марказиро тавассути Баҳри Каспий, Қафқози Ҷанубӣ ва Туркия бо бозорҳои Аврупо мепайвандад.

Ба иттилои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, ҳаҷми интиқоли бор тавассути масири Транскаспий дар соли 2025 нисбат ба соли қаблӣ 62 дарсад афзуда, ба 4,5 миллион тонна расидааст. Дар ҳашт моҳи аввали соли 2026 низ ҳаҷми интиқоли бор аз се миллион тонна гузаштааст.

Афзоиши боркашонӣ таваҷҷуҳи сармоягузоронро ба инфрасохтори роҳи оҳан, бандарҳо ва марказҳои логистикӣ бештар кардааст. Бонки ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки то соли 2040 барои рушди инфрасохтори асосии долони миёна ҳадди ақал 25 миллиард доллар ва барои марказҳои логистикӣ ва дигар иншооти ёрирасон тақрибан 30 миллиард доллари дигар зарур мешавад.

Озарбойҷон низ дар рушди ин масир ва ҳамкориҳои минтақавӣ нақши бештар пайдо мекунад. Ин кишвар дар нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон моҳи октябри соли 2026 ҳамчун узви комилҳуқуқ иштирок кардааст. Ин раванд метавонад ҳамоҳангии сиёсӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро, бахусус дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва тиҷорат, густариш диҳад.

Захираҳои энергетикӣ низ аз омилҳои муҳимми мавқеи иқтисодии минтақа ба шумор мераванд. Қазоқистон яке аз содиркунандагони бузурги нафт, Туркманистон таъминкунандаи муҳимми гази табиӣ ба Чин ва Ӯзбекистон содиркунандаи уран мебошад. Иттиҳоди Аврупо низ барои гуногунсозии манбаъҳои таъминоти энергетикӣ ва рушди энергияи барқароршаванда ҳамкориҳояшро бо кишварҳои минтақа густариш медиҳад.

Ба назари коршиносон, изҳороти раиси Маҷлиси Туркманистон дар бораи аҳамияти геополитикӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ дар пасманзари афзоиши робитаҳои байналмилалӣ, рушди тиҷорат ва тақвияти нақши минтақа дар долонҳои нақлиётии байни Осиё ва Аврупо садо додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.