Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
Тавре ки иттилоъ дода мешавад, ҷоизаи мазкур дар доираи Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026, ки аз 19–ум то 22-юми октябри соли равон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба ноҳияи Данғара тақдим шуд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи конфронс масъалаҳои густариши ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
"Ҷоиза аз ҷониби Ассотсиатсияи халқии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва Ассотсиатсияи шаҳрҳои байналмилалии дӯстии Чин тақдим гардида, нишонаи эътирофи саҳми ноҳияи Данғара дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад