Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Ҳайати васеи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «King’s Cup 2026» маълум шуд
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаро барои иштирок дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» эълон кард.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон навиштааст, ба рӯйхати васеи мунтахаби Тоҷикистон 37 футболбоз шомил шудаанд, ки аз ин шумора 4 дарвозабон, 13 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 7 ҳамлагар мебошанд.
Гуфта мешавад, ки аз ин шумора барои иштирок дар мусобиқа 24 футболбоз ба ҳайати ниҳоии даста дохил мегарданд.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар даври нимниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Уммон вомехӯрад. Дар бозии дигари нимниҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Бруней бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд.
Ҳамин тавр, ғолибони вохӯриҳои нимниҳоӣ ба финал роҳ ёфта, дастаҳои мағлубшуда барои ба даст овардани ҷойи сеюм мубориза мебаранд.
Дар умум, мусобиқа аз 14-ум то 19-уми ноябр дар шаҳри Сисакети Тайланд баргузор мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад