Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Дар Душанбе ду касро барои роҳ додани ноболиғ ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ ҷазо доданд
Иттилоъ дода мешавад, ки кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як ҳолати вайрон намудани реҷаи корӣ ва дидаву дониста роҳ додани ноболиғ ба нуқтаи бозиҳои компютериро муайян намуданд.
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навиштааст, шаҳрвандон Усмонов Ҷонибек ва Маҷидзода Муҳаммад, ки яке маъмур ва дигаре соҳибмулки маркази бозиҳои компютерӣ мебошанд, берун аз реҷаи корӣ фаъолият намуда, ҳамзамон як ноболиғро роҳ додаанд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон бо моддаи 464 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Инчунин, нисбати волидони ноболиғ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад