Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Сенатори амрикоӣ хостори поёни ҳамдастии Амрико бо Исроил шуд
Крис Ван Ҳоллен, сенатори амрикоӣ, бо ишора ба вазъияти Каронаи Ғарбӣ ва ҳамлаҳои сокинони шаҳракҳои исроилӣ ба фаластиниён, хостори поёни ҳамдастии Амрико бо Исроил шудааст.
Ван Ҳоллен субҳи сешанбе, 27-уми октябр, бо нашри як навор дар шабакаи иҷтимоии “Х” бори дигар бар зарурати посухгӯӣ дар робита ба марги нӯҳ шаҳрванди Амрико дар сарзаминҳои таҳти ишғоли Исроил таъкид кардааст.
Ӯ навиштааст: “Сокинони исроилӣ ва нерӯҳои низомӣ шумораи боз ҳам бештари фаластиниёнро маҷбур мекунанд, ки хонаҳои худро дар Каронаи Ғарбӣ тарк кунанд. Иёлоти Муттаҳида бояд ба ҳамдастии худ дар беадолатии ишғол хотима диҳад ва талаб кунад, ки дар робита ба кушта шудани нӯҳ шаҳрванди Амрико ҷавоб диҳанд”.
Ӯ дар ин навор номи қурбониёни кушташударо, аз ҷумла Ширин Абуоқила, хабарнигори шабакаи “Ал-Ҷазира”-ро зикр карда, хостори ҷавоб ба марги онҳо шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад