Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Нурулло Алиев: “Ҳама чиз бо хости Худованд мешавад”
Нурулло Алиев, размкори номдори тоҷик дар мусобиқаи UFC 333, ки шоми 24-ум ба 25-уми октябр баргузор гашт, муҳимтарин муҳорибаи корномаашро бохт.
Акнун ӯ дар корномаи варзишиаш 12 ғалаба ва як бохт дорад.
Варзишгари тоҷик бо Грант Доусон, варзишгари амрикоӣ, ки ҳоло дар раддабандии вазни сабуки UFC мақоми 15-умро ишғол кардааст, рақобат намуд.
Нурулло Алиев раунди якумро бисёр хуб оғоз кард ва ҳатто қариб муҳорибаро фавран ба анҷом мерасонд, аммо нашуд. Дар раунди дуюм ҳарифаш бартарии зиёд дошт ва иловатан, дар танаффус пояш сахт лат хурд, ки ҳатто дар курсӣ нишаста натавонист. Бо ин ҳама, ӯ аз муҳориба даст накашид ва ба раунди сеюм баромад. Дар раунди охир ҳам рақиб бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон варзишгари амрикоӣ ғолиб шуд.
Нурулло Алиев пас аз аввалин бохт дар корномааш дар Инстаграм навишт: “Ғалаба раҳмати Аллоҳ аст, шикаст бошад имтиҳоне аз ҷониби Ӯ. Барои ҳар ду шукр мегӯям!”
Варзишгари тоҷик афзудааст, ки “мо нақша мекашем, бисёр заҳмат мекашем, вақту неруи худро сарф мекунем, аммо дар ниҳоят ҳама чиз бо хости Худованд мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад