Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Заминҷунбӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ба қайд гирифта шуд
Бинобар иттилои Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 25 октябр, соати 22:44:27 бо вақти Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
Манбаъ навиштааст, ки заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Узбекистон эҳсос гардид.
Гуфта мешавад, ки маркази заминҷунбӣ дар қаламрави Афғонистон, дар координатаҳои ҷуғрофии 36,44 дараҷа арзи шимолӣ ва 70,99 дараҷа тӯли шарқӣ муайян карда шудааст. Мутахассисон магнитудаи заминҷунбиро 5,2 ва чуқурии манбаи онро тақрибан 110 километр арзёбӣ намудаанд.
Афзуда мешавад, ки маркази заминҷунбӣ дар масофаи тақрибан 305 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 128 километр аз шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 64 километр аз маркази ноҳияи Ишкошим ҷойгир шудааст.
“Мувофиқи натиҷаҳои арзёбии макросейсмикӣ, шиддатнокии ларзиши замин дар минтақаи маркази заминҷунбӣ аз 5 то 5,5 балл ва дар шаҳри Душанбе аз 3 то 3,2 балл аз рӯйи ҷадвали дувоздаҳбаллаи MSK-64 муайян гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад