Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
Дар доираи саммити ҷаҳонии “Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда”, ки дар шаҳри Самарқанд доир гашт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулллозода бо директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Оллоёров Мансурбек вохурӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо доир ба самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, махсусан ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни мутахассисони ду кишвар дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад