Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷараёни суханронӣ дар ҳузури интихобкунандагони армикоӣ иддао кард, ки агар бо Эрон ҷангро оғоз намекард, ҳоло ин кишвар бо доштани силоҳи атомӣ, метавонист онро бар зидди душманонаш истифода кунад.
Расонаҳо навиштаанд, ки Доналд Трамп дар суҳбат бо хабарнигорон аз ҷанги “таҳмилии ғайриқонунӣ ва таҷовузкорона” бар зидди Эрон ифтихор кардааст.
Доналд Трамп дар посух ба суоли як хабарнигор дар хусуси ин ки оё аз шуруи ҷанг бо Эрон пушаймон шудааст, таъкид намуд “ба назарам ин яке аз бузургтарин корҳое буд, ки анҷом додем”. Трамп бо ишора ба ин ки бо оғози ҷанг пеши роҳи Эрон барои дастёбӣ ба бомбаи атомиро гирифт, иддао кард: “Ин ҷанг яке аз беҳтарин корҳое буд, ки кардем. Шуҷоати зиёд ниёз дошт, зеро ҳич кадом президентҳо намехостанд онро анҷом диҳанд”.
Ӯ иддао кард: “Агар ин ҷангро оғоз намекардем, Эрон то ҳоло аз силоҳи атомии худ истифода карда буд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад