Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии худро фаъол кард. Аз он чӣ метавон харид?
Бонки миллии Тоҷикистон аз фаъол кардани мағозаи интернетии худ хабар дод.
Тавре ки манбаъ навиштааст, бо мақсади рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва фароҳам овардани дастрасии осон ба маҳсулоти нумизматикӣ ва сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии худро бо нишонии https://coins.nbt.tj ба истифода дод.
Иттилоъ дода мешавад, ки тавассути ин платформа шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ метавонанд ба таври фосилавӣ тангаҳои ҷашниву хотиравӣ ва сармоягузорӣ, инчунин, сабикаҳои ченакии тиллоии Бонки миллии Тоҷикистонро интихоб ва фармоиш диҳанд.
“Ифтитоҳи мағозаи интернетӣ дар доираи татбиқи сиёсати рақамисозии хизматрасониҳои молиявӣ амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, сарфаи вақти мизоҷон ва таъмини дастрасии баробар ба маҳсулоти Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат менамояд”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад