Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
80 нигораи нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар Италия муаррифӣ шуд
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-уми октябр дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà)-и шаҳри Рим намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» бо иштироки намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ки манбаъ навиштааст, дар доираи намоиш 80 нигораи нодири таърихию фарҳангӣ аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
"Ин осори гаронбаҳо аз гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, рушди фарҳангу ҳунар ва саҳми он дар тамаддуни ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур барои шинос намудани ҷомеаи байналмилалӣ бо арзишҳои таърихии Тоҷикистон, тақвияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Италия ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои нави фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад