Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт
Бар асоси иттилои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ду нафткаш дар гузаргоҳи Ҳурмуз бар асари таркиши минаҳои дарёӣ оташ гирифта ва ҳаракати онҳо аз ҷониби неруҳои Сипоҳи посдорон боздошта шуд.
Ҳамчунин, неруҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон як ҳавопаймои бесарнишини MQ-9-и артиши Амрикоро сарнагун намудаанд.
Неруҳои Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор додаанд, ки гузаштан аз тангаи Ҳурмуз метавонад боиси оташ гирифтани киштиҳо ва ворид кардани хисорот ба соҳибони он шавад.
Дар изҳороти онҳо гуфта мешавад, ки ширкатҳои нафтӣ дар сурати идомаи чунин ҳаракатҳо метавонанд бо паёмадҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шаванд.
Тангаи Ҳурмуз яке аз роҳҳи муҳимми интиқоли мол ва нафти ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Баъди Ҷанги 12-рӯзаи Амрико бо Эрон мудирияти ин гузаргоҳи байналмилалӣ комилан дар ихтиёри Эрон қарор гирифт. Эрон мегӯяд, то замони қабули шартҳои ин кишвар аз ҷониби Амрико тангаи Ҳурмуз баста боқӣ мемонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад