Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон: Толибон дар Панҷшер тақрибан 30 ҳазор неру ҷойгир кардаанд
Абдуллоҳ Ханҷонӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як изҳорот мегӯяд, гурӯҳи террористии Толибон дар Панҷшер тақрибан 30 ҳазор неруи ҷангӣ ҷойгир кардаанд. Ҳамчунин, ин гурӯҳ дар Панҷшер 700 посгоҳи амниятӣ таъсис додааст.
Бар асоси иттилои ӯ, дар ҳар посгоҳ то 40 ҷангҷӯи Толибон ҳузур доранд. Посгоҳҳо ба шакле таъсис шудаанд, ки ҳар кадом дар диди посгоҳҳои дигар қарор доранд.
Абудуллоҳ Ханҷонӣ мегӯяд, шумори неруҳои Толибон дар Панҷшер аз теъдоди неруҳое, ки дар посгоҳҳои марзӣ бо Покистон мустақар гардидаанд, ду баробар бештар мебошад.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гурӯҳҳои террористии Толибонро ба низомӣ кардани Панҷшер, саркӯби сокинон ва муносибати табъизомез муттаҳам намудааст. Ӯ гуфтааст, Толибон панҷшерӣ буданро ба як ҷурми сиёсӣ табдил кардаанд.
Ӯ мегӯяд, Толибон ба қатли сокинони Панҷшер бидуни таваҷҷуҳ ба оқибатҳои таърихӣ ва манфиатҳои миллӣ амал менамоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад