Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст
Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, барои густариши тиҷорат, бахусус содирот ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Дар мулоқоти консулгарии генералии фахрии Тоҷикистон дар Карочӣ ду ҷониб роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиётро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ Покистон мехоҳад содироти худ ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Дар канори он мехоҳад аз имкониятҳои бандари Карочӣ барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар истифода намояд.
Хабаргузории “Нейшион” (The Nation)-и Покистон хабар дод, ки ин масъала аз тарафи раиси вилояти Синди Покистон Муҳаммад Наҳал Ҳошимӣ бо Иршод Алӣ Қосим, консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Карочии Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, ҳаҷми савдои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Покистон аз 39 миллион доллари амрикоӣ бештар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, вилояти Синд, ба вижа шаҳри Карочӣ метавонад дар таҳкими робитаҳои тиҷоратии Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта бошад.
Дар мулоқоти намояндаи ду кишвар масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, энергетика, тандурустӣ, маориф, илм ва технология баррасӣ шуданд.
Иршод Алӣ Қосим гуфт, маҳсулоти нассоҷӣ, доруворӣ ва таҷҳизоти ҷарроҳии Покистон дар Тоҷикистон харидорони зиёд дорад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон ва Покистон бар заминаи рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва энергетика манфиатдор будаанд.
Бандари Карочӣ яке аз марказҳои асосии тиҷоратӣ ва роҳи обии Покистон аст, ки барои Тоҷикистон метавонад аҳамият дошта бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои дарёӣ иртиботи мустақим надорад ва барои баррасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ба роҳҳои транзитии кишварҳои ҳамсоя ниёз дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад