Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Амрико мехоҳад таҳримҳо бар зидди киштиҳои нафткаши Русия ва Эронро коҳиш диҳад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имконияти коҳиш додани таҳримҳо бар зидди баъзе киштиҳои интиқолдиҳандаи нафти Русия, Эрон ва Венесуэларо баррасӣ мекунад.
Бар асоси гузориши расонаҳои Амрико, мавзуи сабук намудани маҳдудиятҳо бар зидди киштиҳои маъруф ба “флоти соя” дар баррасии мақомоти ин кишвар қарор дорад.
“Флоти соя” маъмулан ба киштиҳое гуфта мешавад, ки барои интиқоли нафти таҳти таҳрим қарордошта истифода мешаванд ва фаъолияти онҳо метавонад хориҷ аз низомҳои маъмули назорат ва суғуртаи байналмилалӣ сурат гирад.
Ҳанӯз маълум нест, ки Вашингтон дар сурати қабули чунин қарор маҳдудиятҳоро нисбат ба кадом киштиҳо ва бо кадом шартҳо сабуктар хоҳад кард.
Зикр шудааст, ки ин қарори ниҳоӣ набуда, ҳоло ба сифати як имконият аз сӯйи мақомоти амрикоӣ баррасӣ мешавад.
Таҳримҳои шадиди Амрико бар зидди нафти Русия ва Эрон боиси афзоиши нархи маводи сӯзишворӣ дар ҷаҳон шудааст. Афзоиши нархи маводи сӯзишворӣ дар Аврупо, Осиё ва ҳатто Ховари Миёна ба мушоҳида мерасад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад