Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.
Гуфта мешавад, ки Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми Пешбар ҶДММ «Авесто Гуруҳ» оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи тақсимоти неруи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Иттилоъ дода мешавад, ки Ёддошти дуюм байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Xinjiang Shouhai Power Development Co., Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Санади мазкур ба рушди ҳамкориҳо дар самти омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Оби Хингови Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Онро аз ҷониби Тоҷикистон вазир Далер Ҷумъа ва аз ҷониби ширкат роҳбари он Чен Чжэнцзян имзо карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад