Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз соли 2021 ба ин сӯ аз ҳаққи таҳсил маҳрум шудаанд. Дар ин бора Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хабар додааст.
Ба гузориши расонаҳо, ЮНИСЕФ дар гузориши худ гуфтааст, ки маҳдудиятҳои гурӯҳи террористии Толибон имкони таҳсилро аз духтарон гирифта, бисёре аз онҳоро дар хона нигоҳ доштааст.
Ба иттилои ин созмон, духтароне, ки синфи шашумро хатм кардаанд, наметавонанд таҳсили худро идома диҳанд. Бархе аз онҳо бинобар баста будани дарҳои мактаб, орзуи идомаи таҳсил ва касбҳое чун духтур шуданро аз даст додаанд.
ЮНИСЕФ таъкид кардааст, ки маҳрумият аз таҳсил на танҳо ояндаи таҳсил ва касбандӯзии духтаронро маҳдуд мекунад, балки ба вазъи равонии онҳо низ таъсир расонда, эҳсоси танҳоӣ ва ноумедиро афзоиш медиҳад.
Ин созмон гуфтааст, ки ҳамчунон аз таҳсилоти ибтидоӣ ва барномаҳои омӯзишӣ барои духтарону писарон дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Ин кумакҳо аз сохтану бозсозии мактабҳо, омӯзиши омӯзгорони зан ва таъмин намудани маводи таълимӣ иборатанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад