Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Тибқи қарордоди миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, консортсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)» ва Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе то охири соли равон сохтмони як гузаргоҳ (эстакада) ва як пули автомобилгард дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ оғоз мегардад.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон консортсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)» дар озмуни интихоби пудратчии лоиҳа ғолиб дониста шудааст.
Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа то охири соли 2026 оғоз гардида, дар доираи он азнавсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи Н. Қарабоев то пули дарёи Душанбе бо шумули як гузаргоҳи 2 сатҳа (эстакада), азнавсозии пул аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони С. Шерозӣ анҷом дода шавад.
“Қарор аст хиёбони С. Шерозӣ то 8 хати ҳаракат васеъ ва дар баъзе қисматҳои он хатҳои алоҳидаи ҳаракат барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудо карда мешаванд ва зимни иҷрои корҳои сохтмону таҷдид технологияҳои муосир истифода мегарданд. Мақсади асосии лоиҳа кам кардани садамаҳо, баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин бартараф сохтани тамбашавӣ дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ ва кӯчаҳои ҳамшафати он мебошад”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки доиҳаи мазкур дар доираи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ки 29-уми апрели соли 2025 ба маблағи 28,4 млн евро ба имзо расидааст, амалӣ карда мешавад ва муҳлати корҳои сохтмонӣ тибқи қарордод 3 сол аз санаи баимзорасонӣ пешбинӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад