26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:30, Душанбе
14.10.2026 09:13

Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст

Дидори намояндагони Украина, Аврупо ва Амрико дар Флорида тақрибан 6 соат идома ёфт. Қисми зиёди он ба баррасии масъалаҳои асосии созиши сулҳи эҳтимолӣ, аз ҷумла ояндаи қаламравҳои мавриди баҳс ва имкони узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст.

Дар ин дидор мушовирони амнияти миллии роҳбарони Британия, Олмон ва Фаронса, ҳамчунин, намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва НАТО ширкат доштаанд.

Бо вуҷуди ин, тасмими Вашингтон дар хусуси сабук кардани маҳдудиятҳо ба сӯзишвории Русия ба мавзуи асосии баҳс табдил ёфт. Владимир Зелинский ин иқдомро “қарори заиф” номид.

Ин тасмими Доналд Трамп дар Амрико низ ба мухолифат дучор шуд. Шаш сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва Ҳизби димократ дар изҳороти муштарак ҳушдор доданд, ки сабук кардани маҳдудиятҳо метавонад ба даромади Русия ва маблағгузории ҷанг ба Украина мусоидат кунад. Онҳо аз маъмурияти Доналд Трамп талаб намуданд, ки аз ин қарорро бознигарӣ кунад ва ба Маскав имконияти бештари молиявӣ надиҳад.

Музокироти Вашингтон бо Маскав то куҷо пеш рафт?

Нигаронии кишварҳои ғарбӣ баъд аз он бештар шуд, ки мақомоти онҳо дар хусуси миқёси тамосҳои Амрико бо Русия иттилооти нав гирифтаанд. Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” навишт, Борн Зайберт, яке аз мақомоти баландпояи Иттиҳоди Аврупо, рӯзи якшанбе сафирони 27 кишвари узви ин иттиҳодро аз натиҷаҳои мулоқоти Флорида огоҳ намудааст.

Тибқи иттилои сарчашмаҳои ғарбӣ, намояндагони Аврупо аз эълони қарори ҳукумати Доналд Трамп дар хусуси сӯзишвории Русия пешакӣ огоҳ набудаанд. Ин хабар ҳатто сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро ба ҳайрат овардааст.

Зайберт бар асоси иттилои сарчашмаҳои огоҳ, ба сафирон гуфт, ки яке аз хулосаҳои муҳимми мулоқот ин аст, ки мақомоти амрикоӣ бо Русия бештар аз он чи дар изҳороти оммавӣ нишон медиҳанд, дар тамос мебошанд. Вале ҷузъиёти бештари ин тамосҳо ошкор нашудааст.

Ҳукумати Доналд Трамп чунин мешуморад, ки ҳамкорӣ бо Маскав дар бахши энергетика метавонад ҳамзамон ду ҳадаф дошта бошад: коҳиш додани нархи сӯзишворӣ ва фароҳам намудани замина барои роҳи ҳалли сиёсӣ.

Аз нигоҳи Вашингтон сабук кардани баъзе маҳдудиятҳои иқтисодӣ метавонад ба Кремл нишон диҳад, ки дар сурати гузашт кардан дар масъалаи Украина имконияти барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ бо ҷаҳон вуҷуд дорад.

Буҳрони ахир нишон медиҳад, ки миёни ҳадафҳои Трамп, коҳиш додани нархи сӯзишворӣ ва расидан ба созиш бо Русия ва талошҳои Украина барои нигоҳ доштани фишор ба Маскав ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ояндаи музокирот аз он вобаста хоҳад буд, ки оё Вашингтон метавонад барои поён додан ба ҷанг шароити қобили қабул барои Киев ва шарикони аврупоии он фароҳам созад ё на.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.