Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
12-уми октябр дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои забоншиносии рақамӣ: бунёди пайкараи матнии забони тоҷикӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳавии фанноварии навин» ҷаласа баргузор шуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, масъалаҳои асосии ҷаласа бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ барои истифода дар технологияҳои рақамӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳа буданд. Иштирокчиён асосҳои илмии ин кор, талабот ба сифати мавод ва роҳҳои ҳамкории муассисаҳоро баррасӣ карданд.
“Таъкид гардид, ки пайкараи матнии забони тоҷикӣ маҷмуаи муназзами матнҳои электронии санҷидашуда барои тадқиқи забон ва таҳияи барномаҳои тоҷикӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ин захира метавонад дар таҳияи низомҳои санҷиши имло, тарҷумаи худкор ва ёварҳои рақамӣ истифода шавад”, - қайд шудааст дар иттилоия.
Ба навиштаи манбаъ, бунёди пайкараи матнӣ ва ягонасозии истилоҳот заминаи муҳими рушди технологияҳо бо забони тоҷикӣ мебошад. Пешбурди ин кор имкон медиҳад, ки захираи илмӣ ва адабии кишвар дар таҳияи абзорҳои рақамӣ истифода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад