Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Раиси ҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Украина аз тавофуқи Доналд Трамп бо Маскав барои интиқоли дизели Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ шадидан интиқод карда, коҳиши таҳримҳо алайҳи Русияро мухолифи талошҳо барои расидан ба сулҳ донистанд.
Ба гузориши расонаҳои Украина, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Андрей Сибига гуфтааст, ки коҳиши таҳримҳо алайҳи Русия на ба барқарории сулҳ мусоидат мекунад ва на вазъи бозорҳои ҷаҳонии энержиро беҳтар месозад.
Ба гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира”, Сибига таъкид кардааст, ки роҳи воқеии коҳиши нархи сӯзишворӣ расидан ба тавофуқ барои барқарории оташбас дар бахши энержӣ мебошад.
Вай ҳамчунин, эълом кард, ки Киев омода аст чунин оташбасро аз ҳамин ҳоло иҷро кунад. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Украина, имкони водор кардани Маскав ба пазируфтани ин пешниҳод вуҷуд дорад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, аз тавофуқ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, барои интиқоли садҳо ҳазор тонна солярка ба ИМА ва бозорҳои ҷаҳонӣ хабар додааст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, низ ин иқдомро интиқод карда, гуфтааст, иҷоза додан ба Русия барои фурӯши маҳсулоти нафтӣ ба маънои сармоягузорӣ ба ҷанге аст, ки бояд поён ёбад, на ин ки идома пайдо кунад.
Зеленский афзуд, дар ҳоле ки тарафҳо дар бораи сулҳ суҳбат мекунанд, ИМА ба Русия имкони содироти дизелро фароҳам меорад. Вай изҳор дошт, ки эҳсос мекунад аз гурӯҳи украинӣ танҳо барои пӯшондани ин иқдомҳо истифода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин рафтор ноодилона буда, бо усулҳои муносибатҳои шарикона созгор нест.
Трамп иддао кардааст, ки Русия дар марҳилаи аввал беш аз 300 ҳазор тонна дизел пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар моҳи ноябр 500 ҳазор тоннаи дигар ва пас аз он фавран як миллион тоннаи иловагӣ ба бозор ворид хоҳад шуд.
Владимир Путин низ пас аз гуфтугӯ бо Трамп эълом кард, ки Маскав омода аст ба ИМА ва бозорҳои ҷаҳонӣ нафт ва маҳсулоти нафтӣ пешниҳод кунад. Раиси ҷумҳури Русия ворид шудани нафти ин кишвар ба бозори Амрикоро барои иқтисоди ҷаҳонӣ дорои паёмадҳои мусбат донист.
Ин тавофуқ дар шароите матраҳ шудааст, ки Трамп ба далели буҳрони тангаи Ҳурмуз ва болоравии шадиди нархи сӯзишворӣ, дар остонаи интихоботи миёндавраии Конгресси ИМА, таҳти фишори зиёд қарор дорад. Ӯ қаблан аз Украина хоста буд ҳамлаҳо ба полоишгоҳҳои нафтии Русияро қатъ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад