Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба шаҳрванди 65-солаи Ҷумҳурии Узбекистон Мустафоқулов Илмомин дар рафти ҷарроҳӣ, ки бидуни беҳушкунӣ ва бе буриши бадани бемор ба тариқи сурох кардани раги хунгард аз пойи рост то мавзеи васеъшудаи шоҳраг анҷом ёфт, дар натиҷаи он дар ин мавзеъ стент-графт, яъне рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд, ки ин ҳолат қисмати васеъшудаи шоҳрагро пурра иваз намуд.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷа, хун аз ҷои сиҳати шоҳраг ба раги сунъӣ гузашта, фишор дар дохили аневризма кам ва хавфи кафидани он аз байн рафт, ки ин ҳолат боис бар он мегардад, то бемор пурра шифо ёбад.
Иттилоъ дода мешавад, ки пас аз гузоштани стент-графт хатари кафидани аневризма пурра бартараф шуда, ин ҳолат имкон медиҳад, ки бемор ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад.
Тибқи маълумоти табибони ин марказ, ҳоло дар минтақа чунин амалиёти ҷарроҳӣ ба ғайр аз Тоҷикистон танҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад