Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Корея рушд мекунанд
Имрӯз, 2-юми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чон Сонг Шик мулоқот намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Корея мавриди баррасӣ қарор гирифт.
"Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки фарҳанг ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои ду кишвар нақши созанда дошта, барои густариши робитаҳои дуҷониба заминаҳои мусоид фароҳам меорад", - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла рушди робитаи байни муассисаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва мутахассисон, баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва барномаҳои муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистону Корея табодули афкор сурат гирифт.
"Масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ, санъат, фарҳанги миллӣ ва дигар бахшҳои марбут ба фарҳанг баррасӣ гардида, зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои тавсеаи робитаҳои фарҳангии ду кишвар таъкид шуд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад