Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Швейтсария бо маҳкум кардани хушунати шаҳракнишинони исроилӣ алайҳи фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ, хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ шудааст.
“Ал-Ҷазира”, субҳи рӯзи панҷшанбе, 1-уми октябр, гузориш додааст, ки ин мавзуъро Вазорати корҳои хориҷаи Швейтсария баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Вазорати корҳои хориҷаи Швейтсария гуфтааст, ки “хушунати шаҳракнишинон дар Каронаи Бохтарии ишғолшуда қобили таҳаммул нест”.
Ин вазорат аз Исроил хостааст, ки аз хушунати шаҳракнишинон алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ ҷилавгирӣ кунад ва масъулони хушунатҳоро мавриди пайгарди қазоӣ қарор диҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳои зиёде аз хушунати шаҳракнишинони исроилӣ алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ нашр шудаанд.
Бо ин ҳол ва ба рағми интиқодҳои байналмилалӣ, Исроил ҳамчунон бар сохтани шаҳракҳои яҳудӣ дар манотиқи ишғолшуда таъкид мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад