Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Русия НАТО-ро ба истифодаи силоҳи атомӣ таҳдид кард
Сафорати Русия дар Ирландия ба НАТО ҳушдор дод, ки дар сурати ҳар гуна муҳосира алайҳи минтақаи Калининград, аз ҳар васила, ҳатто силоҳи атомӣ, истифода хоҳад кард.
Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ Сафорати Федератсияи Русия дар Ирландия ба Созмони паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ҳушдор дод, ки дар сурати ҳар гуна муҳосира алайҳи минтақаи Калининград, аз ҳар васила, ҳатто силоҳи атомӣ, истифода хоҳад кард.
Ин сафоратхона субҳи рӯзи чоршанбе дар баёнияе гуфт: “Маълумоте вуҷуд дорад, ки НАТО дар ҳоли омодагӣ барои муҳосираи ҳавоӣ ва баҳрӣ алайҳи Калининград аст. Ин хаёл нест, балки мояи нигаронии шадиди Русия аст”.
Хабаргузории “ТАСС” ба нақл аз ин баёния гузориш дод: “Нухбагони сиёсии бемасъулият ва кӯтоҳандеши аврупоӣ бозии хатарнокеро анҷом медиҳанд. Набояд иштибоҳ кунанд: агар кишварҳои НАТО талош кунанд минтақаи Калининградро аз бақияи кишвар ҷудо кунанд, Русия омода аст барои дифоъ аз қаламрави худ аз тамоми қуввааш, аз ҷумла силоҳҳои ҳастаӣ, истифода кунад”.
Дар ин баёния омадааст: “Дар чунин сенарияе, хатари рӯёрӯии мусаллаҳона зиёд аст ва эҳтимол дорад Русия аз ҳамлаҳои пешгирикунанда алайҳи марказҳои тасмимгирӣ дар кишварҳои узви НАТО, ки дар марҳилаҳои ибтидоии даргирӣ қарор доранд, истифода кунад”.
Қаблан низ сафорати Маскав дар Брюссел ҳушдор дода буд, ки ҳар гуна иқдоми кишварҳои узви НАТО барои муҳосираи Калининград хатари даргирии мустақим бо Русияро дар пай дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад